Наврӯз дар шаҳри Москва бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд

24 марти соли равон дар толори яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи шаҳри Москва «The Ritz Carlton» Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат Иди байналмилалии Наврӯз маросими тантанавиро бо шукуҳу шаҳомати хосса барпо намуд.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҳфили бошукӯҳ намояндагони Ҳукумат ва Парлумони Федератсияи Россия, корпуси дипломатӣ, аз ҷумла сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, воситаҳои ахбори омма, доираҳои илму фарҳанги Россия ва тоҷикони муқими шаҳри Москва иштирок намуданд.
Дар маҳфили наврӯзӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати Соли нави аҷдодӣ-Иди Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ёдовар шуд, ки «Наврӯз яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин ба шумор меравад ва бо фалсафаи башардӯстонаву созандаи хеш машҳури ҷаҳониён гардидааст».
Ҳамчунин барои муаррифии ин ҷашни куҳанбунёди тоҷикон ба ҷаҳониён маводи иттилоотӣ роҷеъ ба таърихи пайдоиш, анъанаҳо ва паҳншавии Наврӯз дар экранҳои бузург намоиш дода шуда, хони ҳафтсин ва ҳафтшини наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои санъати дастии мардуми тоҷик аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Табъи меҳмонони сершумори ин ҷашнро ҳунармандони тоҷик- Ситораи Кароматулло, Ҳасани Камол, Аброр Назаров ва Муборакшо Додалиев бо санъати волои худ болида карданд.
Дар бахши фарҳангии барнома тарроҳони ҷавони тоҷик Умед Кучкалиев ва Мурод Бобоқулов бо намоиши намудҳои нави либосҳои занонаи миллӣ ҳозиринро мафтуни санъати тоҷик гардониданд.
Дар ҷашни хотирмон меҳмонони зиёд тақрибан аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, бо таомҳои миллии тоҷикӣ, анъанаву русуми аҷдодии тоҷикон ва суннатҳои марбут ба ҷашнгирии Наврӯзи фархундапай шиносоӣ пайдо карданд.

АМИТ «Ховар»