Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу  Ҷиайи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ, зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии  маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст.

Tags: