ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Иссик-кул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон — Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

