Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»

21.08.2026, шаҳри Роғун

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!

Роҳбарону фаъолони шаҳри Роғун!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат – неругоҳи барқи обии «Роғун» таҷлил менамоянд, баргузор мегардад.

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ин санаи мубораки таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид.

Ба шарофати истиқлол иқтисоди миллии мо тадриҷан рушд карда, даҳҳо барномаи давлатӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ гардиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Тоҷикистон тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, низоми ягонаи нақлиётиву энергетикии кишвар ташаккул дода шуд ва саноат ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.

Соли 2016 маҷрои дарёи Вахш дигар карда, барои бунёди баландтарин сарбанди гидроэнергетикии ҷаҳон бо баландии 335 метр заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар солҳои 2018 ва 2019 агрегатҳои аввалини «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ оғоз намуданд.

Ҳоло бунёди неругоҳ дар марҳалаи ниҳоят мураккабу заҳматталаб қарор дошта, корҳо дар он босуръат идома доранд.

Аз мулоқоти қаблии мову шумо дар ин майдони бузурги сохтмон як сол сипарӣ гардид.

Шиносоии дирӯзаи мо бо вазъи корҳо нишон дод, ки бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо, пешрафт дар самтҳои асосӣ таъмин шудааст.

Ба ҳамаи шумо – роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиёне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашед, изҳори сипос менамоям.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки амнияти энергетикӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии ҳар як давлат табдил ёфтааст, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад.

Бо бунёд кардану ба кор андохтани «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем.

Ҳукумати мамлакат соли 2025 барои иҷрои корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд.

Дар соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати мамлакат барои корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст.

Ин нишондиҳандаҳо бори дигар собит месозанд, ки ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат мебошад.

Имрӯз дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд ва иҷрои онҳо ба ҳамдигар вобастагии бевосита дорад.

Қафомонӣ дар як лот метавонад боиси таъхир дар дигар самтҳо гардад.

Аз ин рӯ, фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва намояндаи фармоишгар вазифадоранд, ки ҷараёни корҳоро байни ҳамаи лотҳо мунтазам танзиму ҳамоҳанг сохта, иҷрои ҷадвалҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

Вобаста ба Лоти 1 бояд гуфт, ки 30-юми январи соли 2021 байни Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва Ширкати «Фойт Гидро»-и Ҷумҳурии Австрия қарордод ба имзо расонида шудааст.

Қарордод лоиҳакашӣ, харид, таҳвил, васлу насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти электромеханикии 4 агрегат бо таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин истеҳсолу таҳвили ду чархи кории доимиро барои агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 дар бар мегирад.

Аз замони имзои қарордод як қатор корҳо ба анҷом расидаанд.

Рӯзҳои 29 – 31-уми июли соли 2026 дар озмоишгоҳи пудратчии Лоти 1 дар Австрия озмоиши чархи кории агрегати рақами 4 гузаронида шуда, интиқоли он оғоз гардидааст.

Тибқи нақша чархи кории агрегати рақами 4 охири моҳи сентябри соли 2026 ба неругоҳ ворид мешавад.

Иваз намудани чархҳои кории муваққатӣ бо чархҳои доимӣ имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистону тирамоҳ иқтидори истеҳсолии ду агрегат ба 600 мегаватт расонида шавад.

Ин нишондиҳанда тақрибан ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» баробар мебошад.

Дар робита ба ин, супориш дода мешавад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намояд.

Лоти 2 сохтмони сарбанди неругоҳро дар бар мегирад ва иҷрои он ба зиммаи ширкати итолиёии «Вибилд» вогузор шудааст.

Дар ҷараёни боздид мушоҳида гардид, ки корҳои сохтмони сарбанд бо суръати зарурӣ идома доранд.

То имрӯз хобонидани мавод дар сарбанд то сатҳи 1155 метр, яъне ба баландии 190 метр иҷро гардида, аз оғози сохтмон зиёда аз 49 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Ин нишондиҳанда беш аз 61 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Танҳо дар соли ҷорӣ ҳаҷми маводди дар сарбанд хобонидашуда ба зиёда аз 8 миллион метри мукааб расонида шудааст.

Корҳои обгирии обанбор то сатҳи 1140 метр бояд то аввали моҳи сентябр анҷом дода шаванд.

Ба Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун», намояндаи фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ супориш дода мешавад, ки барои дар аввали моҳи сентябри соли 2026 то 1140 метр бардоштани сатҳи оби обанбор тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Захира намудани ҳаҷми кофии об дар обанбор имкон медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон истеҳсоли неруи барқ афзоиш ёфта, талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба неруи барқ боз ҳам беҳтар таъмин карда шавад.

Корҳои сохтмони иншооти соҳили рост, яъне Лоти 3 аз ҷониби Ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» амалӣ гардида истодаанд.

Ширкат бо истифода аз иқтидору имкониятҳои муҳандисиву техникии худ сохтмони нақби қабати чорум, нақбҳои обпартои сатҳи болоӣ, ҳавзи мавҷшикан, нақбҳои сементатсионӣ, роҳҳо ва нақбҳои нақлиётӣ, инчунин насби таҷҳизоти гидромеханикиро мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда идома дода истодааст.

Дар нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, арматурбандӣ ва бетонхобонӣ пурра анҷом ёфта, нақб барои обгузаронӣ комилан омода мебошад.

Нақби нақлиётии Т-39, ки роҳи пайвасткунандаи соҳили рост бо қисмати поёнии сарбанд ва соҳили чап мебошад, пурра ба истифода дода шудааст.

Ин иншоот барои ташкили босамари корҳои сохтмон, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа ва интиқоли бемамониати техникаву масолеҳи сохтмон аҳаммияти калидӣ дорад.

Бо вуҷуди корҳои то ҳол амалигардида, роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун», намояндаи фармоишгар ва Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» вазифадор карда мешаванд, ки қафомониҳои ҷойдоштаро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд ва иҷрои босифату саривақтии ҳамаи корҳои мансуб ба Лоти 3-ро таъмин намоянд.

Корҳои сохтмони иншооти соҳили чап, яъне Лоти 4 низ яке аз бахшҳои муҳимми лоиҳа ба ҳисоб мераванд.

Дар асоси натиҷаҳои озмуни байналмилалӣ аз соли 2025 иҷрои корҳои сохтмону васлгарии ин лот ба Ҷамъияти саҳҳомии «Туннел Садди Ориёно» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Заводи таҷрибавии механикӣ»-и шаҳри Норак вогузор гардидааст.

Ҳоло ширкатҳои зикршуда корҳоро мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда идома дода истодаанд.

Обқабулкунаки доимӣ яке аз иншооти муҳимтарини Лоти 4 мебошад.

Он дар оянда ворид намудани обро аз се сатҳи обанбор ба нақбҳои обрасон таъмин карда, ҳамзамон бо ин, ба устувории қабатҳои кӯҳӣ ва фаъолияти боэътимоди неругоҳ дар даҳсолаҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Борҳо таъкид кардаам ва имрӯз низ хотирнишон месозам, ки тамоми корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» бояд бо риояи қатъии талаботи сифат, истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд.

Сухан дар бораи бузургтарин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ва яке аз баландтарин сарбандҳои ҷаҳон меравад.

Аз ин рӯ, устуворӣ, эътимоднокӣ ва бехатарии он бояд ҳамаҷониба таъмин карда шавад.

Ба ҳамин мақсад, аз оғози марҳалаи нави сохтмони неругоҳ то имрӯз дар иншоот зиёда аз 5944 дастгоҳи муосири санҷишу ченкунӣ васлу насб гардида, барои фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз таъсис дода шудаанд.

Ин озмоишгоҳҳо имкон медиҳанд, ки сифати маводду масолеҳи сохтмон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мунтазам санҷида шавад.

Сифати корҳои сохтмон, иҷрои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва риояи талаботи техникӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, фармоишгар, намояндаи фармоишгар ва дигар сохторҳои масъул таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Қатъиян таъкид менамоям, ки дар чунин иншооти нодири аср ҳеҷ гуна гузашт аз талаботи сифат ва бехатарӣ қобили қабул нест.

Ҳар як қарори муҳандисӣ, ҳар як метри мукааб бетон ва ҳар як ҷузъи иншоот бояд ба меъёрҳои баландтарини байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар баробари суръати сохтмон, масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии сохтмончиён, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ ва риояи қатъии талаботи бехатарии истеҳсолот бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳаёт ва саломатии инсон аз ҳар гуна нишондиҳандаи истеҳсолӣ болотар меистад.

Аз ин рӯ, ҳангоми иҷрои ҳамаи корҳо талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва стандартҳои байналмилалӣ бояд бечунучаро риоя карда шаванд.

Ҳар як роҳбар, муҳандис ва корманди дар сохтмони неругоҳ фаъолияткунанда вазифадор аст, ки риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро масъулияти аввалиндараҷаи худ ҳисобад.

Мо бояд ҳам пешрафти босуръати сохтмон ва ҳам амнияти ҳар як сохтмончиро таъмин намоем.

Дигар ҷанбаи муҳимми лоиҳа ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии сокинони минтақаи зериобшаванда мебошад.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали татбиқи лоиҳа ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сокинони минтақаи зериобшаванда ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии Роғун» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва инфрасохториро идома дода истодааст.

Мувофиқи созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ барои сохтмони роҳи мошингарди Сайидон – Лабиҷар дар соҳили чапи обанбор 30 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.

Пас аз анҷоми расмиёти озмуни байналмилалӣ корҳои сохтмони ин роҳ оғоз мегарданд.

Роҳи мазкур барои беҳтар намудани рафтуомади аҳолии соҳили чапи обанбор ва рушди минбаъдаи минтақа аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун» ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд ба роҳ монда шудааст.

Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии Роғун», вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки иҷрои саривақтии ҳамаи чорабиниҳоро таъмин карда, барои ҳар як оилаи кӯчонидашуда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оваранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат дар баробари маблағгузории мунтазами бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ҷалби маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Аз соли 2020 инҷониб бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ҳамкории доимӣ ва муколамаи созанда ба роҳ монда шудааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахш бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ду марҳалаи аввали лоиҳа созишномаҳои грантӣ ба маблағи умумии 650 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуданд.

Илова бар ин, бо Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайт, Фонди ОПЕК, Фонди рушди Қатар, Бонки давлатии сармоягузории Италия ва Фонди Абудабӣ созишномаҳои қарзиву грантӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1 миллиарду 900 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидаанд.

Ҳоло маблағгузории лоиҳа аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ оғоз гардидааст ва ҳамкории мо бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ идома дорад.

Имрӯз мо бори дигар итминон ҳосил намудем, ки сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст.

Ҳар як қадами анҷомёфта моро ба ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлоли комили энергетикӣ ва рушди «иқтисоди сабз» наздиктар месозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои босифату саривақтии корҳои сохтмон, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооту иқтидорҳои навбатии неругоҳ, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои зерин дода мешаванд:

1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои зарурӣ андешад.

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода додани иқтидорҳои неругоҳи барқи обии «Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида таъмин карда, ҳамоҳангсозии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

3. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» якҷо бо пудратчии Лоти 2 бо мақсади расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ сарбандро дар соли 2027 то 1185 метр баланд бардошта, сатҳи обанборро на кам аз 1165 метр таъмин намояд.

4. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили ростро то мавсими серобии соли 2027 омода созанд.

5. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар доираи Лоти 1 якҷо бо Ширкати «Фойт Гидро» барои то моҳи сентябри соли 2027 ба кор андохтани гидроагрегати рақами 4 тадбирҳои зарурӣ андешад.

6. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҳамоҳангсозии корҳоро бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншооти неругоҳи барқи обии «Роғун», вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд таъмин намояд.

7. Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони маблағгузор густариш дода, барои ҳарчи зудтар ҷудо ва дастрас гардидани маблағҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

8. Вазорати молия бо истифода аз ҳамаи имконияту манбаъҳо пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, хариди масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхтро таъмин намояд.

9. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳандаву қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, барои бо кор таъмин намудани сокинони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва ба онҳо ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намояд.

10. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамавӣ дар иншоот ва таъмини бехатарии кормандони сохтмони неругоҳ чорабиниҳои иловагиро амалӣ карда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.

Муҳтарам бунёдгарони

неругоҳи барқи обии «Роғун» ва роҳбарону фаъолони шаҳри Роғун!

Марҳалаҳои минбаъдаи бунёди «Роғун» на танҳо барои анҷоми яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон, балки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, саноатикунонии босуръат ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ доранд.

Бори дигар иброз медорам, ки шумо дар раванди бунёди неругоҳ матонату шуҷоати бесобиқа нишон дода, сохтмони бузурги аср – ифодагари ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро ба майдони нангу номуси миллӣ ва арсаи ватандориву ватанпарастӣ табдил додаед.

Хотирнишон менамоям, ки то сатҳи 1155 метр расонидани сарбанд туҳфаи арзандаи шумо ба ҷашни мубораки 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.

Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, бо итминони комил изҳор медорам, ки бо саъйу талоши содиқонаи ҳар яки шумо бунёди ин иншооти сарнавиштсоз дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Саломату сарбаланд ва комёбу муваффақ бошед, бунёдгарони қавииродаи иншооти тақдирсози Ватан!

Tags: