Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ноҳияи Рӯшон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Нозироти андоз дар маркази ноҳия бо мардуми сершумор ва фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқоти самимию созанда доир намуд.
Дар маҳалли вохӯрӣ сокинон Пешвои ояндасози худро бо шукуҳи хос гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, зеро ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар ва вохӯрии Президенти мамлакат бо мардуми шарафманди тоҷик муждаи оғози корҳои ободонию созандагӣ ва шукуфоии ватан аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст барои пазироии самимӣ ва пуштибони амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рӯшон изҳори сипос карда, онҳоро бо ҷашни умумимиллӣ - 19 - умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт. 
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари мардуми ватандӯст давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сокинони ноҳияи Рӯшон бо ростқавлию меҳнатдӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби буҷети давлат ва тавассути ташаббусҳои бахши хусусӣ 200 иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи 106 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ барои рушду тараққиёти ноҳия беш аз 480 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имсол низ барои пешрафту шукуфоии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо намудани 40 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Тӯли солҳои охир дар қаламрави ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб се миллион сомонӣ татбиқ гардида, алҳол ду лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз як миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар давоми 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар водии Бартанг дар ҳаҷми 32 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд. Ҳамчунин татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016 - 2020 оғоз гардида, дар доираи он амалисозии як қатор лоиҳаҳои нав ба маблағи умумии 130 миллион сомонӣ дар назар аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар баробари натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони ноҳия, инчунин оид ба нақшаву барномаҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон андешаронӣ карда, барои вусъати корҳои ободонӣ, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ, ки зимни пурсишу посух бо Сарвари давлат ба миён омад, ба Ҳукумати кишвар ва масъулини вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.

Tags: