Боздиди Сарвари давлат аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим

Сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.
Дар фурудгоҳи Отряди сарҳадии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, роҳбарият ва сокинони шукргузору ваҳдатсарои ин минтақаи дурдасти кишвар Пешвои миллатро бо самимияти баланд ва арҷгузории бепоён ба хидматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин боздид аз ноҳияи Ишкошим аз вазъи буду боши сарҳадбонон ошноӣ пайдо кард. Хабар дода шуд, ки соли равон бо кумаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои пешбурди хизмат, бинову иншооти таълимии Отряди сарҳадии Ишкошим пурра аз таъмир бароварда шуд.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини амният, пурзӯр намудани дидбонгоҳу шубаҳои назорати сарҳадӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ дар хати сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуд. Барои саривақт ва моҳирона иҷро кардани вазифаҳои чангӣ ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, ки ба шароити кӯҳистон мувофиқ аст, таъмин карда шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз моҳи майи соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистонро ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат қариб ҳамагии қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, ба такягоҳи аслии давлату миллат табдил ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки марзбонони шуҷоъи Отряди сарҳадии Ишкошим хати сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар масоҳати 536 километр ҳифзу мудофиа менамояд.
Онҳо бо ҳушёриву зиракии худ намегузоранд, ки амнияту осоиши мардум халалдор шуда, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азиз зери хатар монад. Баъд аз шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҳайати шахсии ин қисми низомии Отряди сарҳадии Ишкошим суханронӣ намуда, сарбозону афсарони марзбонро, ки ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд, ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.
Баъд аз нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони Отряди сарҳадии Ишкошим бо паради ҳарбӣ аз назди Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштанд.