Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳю Стенли Филпотт

Имрӯз вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Абдуфатоҳи Ғоиб гуфт: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудаанд. Заминаҳои мазкур шароит фароҳам оварданд, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад».
Зикр шуд, ки соли 2015 гардиши тиҷорат байни кишварҳо ба 6,4 млн. доллари ИМА ва соли 2016 ин нишондод ба 3,7 млн. доллари ИМА баробар шуд. Ҳоло лоиҳаи «Меморандум оид ба ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар соҳаи гумрук» миёни Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқаи тарафайн қарор дорад.
Боиси қаноатмандист, ки мақомоти гумруки Британияи Кабир дар доираи ҳамкории дуҷониба азм дорад таҷҳизоти техникии назорати гумрукиро тақдим намояд, ки он барои пешбурд ва густариши фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт аз сатҳ ва раванди ҳамкории Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пазироии хуб миннатдорӣ баён дошт.
Зимни мубодилаи афкор Абдуфатоҳи Ғоиб ва Ҳю Стенли Филпотт паҳлӯҳои нави ҳамкории афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: