Дар Кӯлоб Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошукӯҳ таҷлил гардид

Дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки беш аз 500 аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ботантана ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург барои миллати тоҷик мебошад. Аз шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо ободу зебо гардида, рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Моро мебояд, ки ҳимоятгари сулҳу ваҳдат бошем, зеро Ваҳдати миллӣ сутуни устувори якпорчагии давлати ҷавони тоҷикон ва муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар ҷамъомад аз тарафи ҳунармандони Шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализода дар шаҳри  Кӯлоб суруду рақсҳои зебои миллӣ ва мусиқиҳои рӯҳнавоз пешкаши ҳозирин гардид, ки дар онҳо шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромии кишвар ва ваҳдату ягонагии миллат таҷассум мегардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: