Китоби маъруфи «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ ёздаҳумин китоб аз силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз чоп баромад.
Ба иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоб аз ҷониби Сайфиддин Назарзода ва Саидбилол Саидов таҳия, вироиш ва баргардон шудааст. Мураттибон дар сарсухани хеле муфассали худ дар бораи китоб ва муаллифи он менависанд, ки «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» як асари хуби энсиклопедиест, ки дорои аҳамияти муҳими илмӣ мебошад.
«Таҳиягарон ҳангоми баргардони китоб кӯшидаанд ҳар калимаи барои имрӯзиён нофаҳморо дар поварақ шарҳ диҳанд ва ин услуби таҳияи китоби қадимӣ ҳам хондан ва ҳам дарки маъниро барои хонандааш осон мегардонад»,- афзуд манбаъ.
Силсилаи мазкур бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад.