Қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати панҷум ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 апрели соли 2017, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 баргузор мегардад.
Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва 62 ва масъалаҳо оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ», ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017, дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.
Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, хоҳиш карда шуд, ки тибқи ҷадвали замимагардида то 14 апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
АМИТ "Ховар"