Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 16 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои кишвар ба 30-35 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона 14-19 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 14-16 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"