Шоми дирӯз дар назди муҷассамаи Асосгузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад, ки ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ роҳандозӣ шуд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва адибони маъруфи тоҷик, санъаткорон ва ҷавонон-ҳаводорони ашъори «Одамушшуаро» иштирок намуданд.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар расми ифтитоҳи ҷамъомад зикр кард, ки «Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост».
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир сухан карда, аҳамияти ашъор ва осори устод Рӯдакиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон, хусусан дар Соли ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр шуд, ки «ашъор ва осори устод Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат ва таҷрибаи рӯзгор мебошанд. Худи шоир фармудааст:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд…
Мактаби бузурги шоирие, ки бунёдгузори адабиёти тоҷику форс ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт».
Дар фарҷом ҳунармандон бо қироати сурудҳо бар ашъори устод Рӯдакӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.