Пешвои миллат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир худдорӣ намоянд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, аз намояндагони ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда, бештар ба донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд. Дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Шӯро ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, вусъати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ барои он, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ба ҷавонон барои пешбурди соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар навъҳои косибӣ супоришҳои мушаххас дод.
Пешвои миллат инчунин дар бораи таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавону фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин мусоидат ба пешгирии роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дастур доданд.

Tags: