Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Александр Лукашенко ба беҳтарин таманниёти хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон табрику муборакбодӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат Сарвари Беларус нақши бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Сарони ду давлат атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор анҷом доданд. Зимнан, ба рафти иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: