11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди муносибатҳо бо кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо Молдова, барои Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад ва байни ду кишвар имкониятҳои васеъи истифоданашуда барои таҳкиму густариши робитаҳо мавҷуд аст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Айни ҳол дар баррасии ҳукуматҳо 7 санади байниҳукуматӣ қарор дорад ва ҷонибҳо хостори тезонидани раванди имзои онҳо шуданд.
Татбиқи саривақтии “Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар” то соли 2021 ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фарҳанг, барои ҳар ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бойторӣ, чорводорӣ, растанипарварӣ, занбурпарварӣ, содироти хушкмева ва асал, ҳамчун самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар»