Олимон роҳи ягонаи сироятшавӣ ба коронавирусро аз қатраҳои ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудошуда донистанд

Сирояти коронавирус аз тариқи ҳаво  ё дастрасонӣ аз эҳтимол дур аст, роҳи ягонаи сироятшавӣ  шамидани   қатраҳоест, ки   ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудо мешаванд. Вирусшиносони Пажӯҳишгоҳи минтақаи  Ҳайнсберг дар Германия ба чунин хулоса омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Комсомольская правда».

Мувофиқи хулосаи онҳо, SARS-CoV-2  бидуни ҷисми  зинда имконияти  зинда монданро аз даст медиҳад, коронавирус дар дастаи дару тиреза  ва телефон низ қобилияти зистанро  гум мекунад,  дар тарабхона ва мағоза  эҳтимоли ками сироят шудан мавҷуд аст.

Вақте мо  намунаҳои изҳоро аз дастаҳои дар, телефон ва ҳоҷатхона гирифтем, маълум гардид, ки  рушд ва таҳқиқи вирус дар асоси ин намунаҳо дар озмоишгоҳҳо имкон надорад,  иқтибос  меорад рӯзномаи «Комсомольская правда»  аз суҳбати радиоии  роҳбари институт  Хендрик Штреек.

Муҳаққиқон муайян намуданд, ки барангезандаи коронавирус  нисбат ба хушкшавӣ ҳассос аст  ва сироятшавӣ  вақте рух медиҳад, ки одамон бо якдигар  муддати  дароз дар иртиботанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: