27 май таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзўи «Моҳият ва аҳамияти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хониши парлумонӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат хабар доданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода иброз намуд, ки Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 7 фасл, 32 боб ва 534 банд иборат буда, дар ҳар банди он як бахши масъулияту фаъолият ва усулу раванди кори вакилон инъикос ёфтааст.
Дар Хониши парлумонӣ махсусан таъкид карда шуд, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ, намояндагӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро дар бар мегиранд.
Ҷамшед Муртазозода ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон, фаъолиятҳои вакилон дар самти намояндагӣ ва нақши вакилон дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тафсир дод.
Зимни хониши парлумонӣ ҳамчунин иброз гардид, ки ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вакилони Маҷлиси намояндагон заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшида, барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам намудаанд.
АМИТ «Ховар»