Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

16.10.2020, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик — Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Дар тӯли бист соли охир доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқамон аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки чорабиниҳои зикргардида дар боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардуми мо, бахусус, насли наврасу ҷавон нақши басо назаррас гузоштанд.

Мо ҳанӯз соли 1996 ҷашни 675-солагии Камоли Хуҷандиро дар сатҳи баланд таҷлил карда будем.

Ин маъракаи муҳимми фарҳангӣ боис гардид, ки мероси гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ ба таври комилтар мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода шавад.

Тайи ин солҳо аз тарафи олимони тоҷик нусхаҳои дастнависи девони шоир қариб аз тамоми китобхонаҳои бузурги дунё ҷамъ оварда шуд.

Девони ашъори Камол чандин маротиба ба нашр расида, доир ба зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти ӯ рисолаву мақолаҳои зиёде таълиф ва интишор ёфтанд.

Яъне мардуми тоҷик шахсияти Камол ва офаридаҳои ҷовидонии ӯро боз ҳам беҳтар шинохтанд.

Имрӯзҳо дар идомаи ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил мегардад.

Ду сол пеш Ҳукумати мамлакат санадҳои заруриро доир ба ин санаи таърихӣ ба созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.

Ва ин ташкилоти бонуфуз соли гузашта пешниҳоди моро дар хусуси баргузор намудани ҷашни 700-солагии Хоҷа Камол ҷонибдорӣ карда, доир ба ин масъала қарори дахлдор қабул намуд.

Боиси ифтихор аст, ки ин санаи фархундаро дар баробари мо ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Мо ба ҳамаи олимону донишмандоне, ки дар саросари олам шахсият ва эҷодиёти ин шоири барҷастаи тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор дода, мақолаву рисолаҳои зиёди илмӣ навиштаанд, изҳори сипос менамоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ман дар китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ ҳамеша таъкид менамоям, ки халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар амри ғанӣ гардонидани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд.

Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем.

Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, худи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки имрӯз мо 700 – солагии ӯро ҷашн мегирем, аз ин мактаби бузурги адабиёти гузашта сабақи маънавӣ ва адабӣ гирифта, то ба дараҷаи шоири бузурги Шарқ расидааст.

Ҳаёту фаъолияти ин сухансарои беназир ба замони хеле пурталотуми сиёсӣ ва нооромиҳои иҷтимоӣ рост омадааст.

Чунонки аз осори таърихии асримиёнагӣ бармеояд, дар асри XIV дар сарзамини Мовароуннаҳр парокандагии сиёсӣ падид омада, дар натиҷа дар гӯшаҳои гуногуни он суботу оромӣ аз байн рафта будааст.

Чунин вазъи номусоиди сиёсӣ боис мегардад, ки дар нимаи дуюми асри XIV бисёр шоирон ва олимону нависандагон маҷбур шудаанд дар ҷустуҷӯи гӯшаи амну ором қаламрави Мовароуннаҳрро тарк карда, ҷойҳои дигарро макони истиқомат ихтиёр намоянд.

Камоли Хуҷандӣ низ тарки зодгоҳ карда, Табрезро ҷойи зист интихоб менамояд.

Сабаби аз ҷониби Камол ҳамчун макони зист пазируфта шудани ин шаҳр чаҳор омил мебошад: якум, аз ҷиҳати амну осоиш Табрез машҳур шуда буд; дигар, ин шаҳр дар он даврон яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ ва адабӣ ба ҳисоб мерафт; сеюм, яке аз шохаҳои Шоҳроҳи абрешим аз ин мавзеъ мегузашт ва он ҷо маҳалли робита ва омезиши тамаддунҳои гуногун гардида буд.

Чаҳорум, аҳолии асосии Табрезро тоҷикон ташкил мекарданд.

Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.

Яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд.

Камол шаҳри Табрез ва табрезиёни ҳунармандро дӯст медошт.

Он ҷо издивоҷ карда, соҳиби якчанд фарзанд шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Камоли Хуҷандӣ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд.

Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст.

Бо ин ҳама эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будааст.

Аз иттилооти маъхазҳои адабиву таърихӣ маълум мешавад, ки Камол доим дар миёни мардуми заҳматкаш қарор дошта, аз аҳволи онҳо ҳамеша бохабар будааст ва ба ин хотир халқ ҳам иззату эҳтироми шоири маҳбуби худро сидқан ба ҷо меовардааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Камоли Хуҷандӣ аз шоирони пешин Шайх Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавиро бо камоли муҳаббат ёд кардааст.

Ӯ, инчунин, аз шоирони ҳамзамонаш Маозии Табрезӣ, Ассори Табрезӣ, Мағрибии Табрезӣ, Салмони Соваҷӣ ва Ҳофизи Шерозиро бисёр ёд намудааст.

Вай, махсусан, бо шоири бузурги ғазалсарои ҳамзамонаш — лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ дӯстӣ ва ҳамкории эҷодӣ доштааст.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон” овардааст: “Баъзе орифон, ки ба суҳбати Шайх Камол ва Ҳофиз — ҳар ду расида буданд, чунин фармудаанд: суҳбати Шайх беҳ аз шеъри вай бувад ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯ”.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки агар эътибору ҷойгоҳи Камол дар шоирӣ баланд намебуд, ӯро маҳз бо Ҳофиз муқоиса намекарданд ва Ҷомӣ низ ин санади ҷолибро дар асари худ намеовард.

Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост. Ӯ беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, пеш аз ҳама, ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват мекунад.

Ӯ мехоҳад инсон аз ҳар гуна қайду банд озод бошад ва мегӯяд:

Олами озодагон хуш оламест,

Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст!

Камол каҷрафторӣ, ҳилаву тазвир ва авомфиребии мутаассибону риёкоронро ҷасурона фош карда, бо онҳо ҳаргиз созиш накардааст.

Бисёр муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳеҷ шоире ниқоб аз чеҳраи зоҳидони дурӯяву риёкор мисли Камол барнакандааст.

Дӯстони азиз!

Тавре дар оғози сухан зикр кардам, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адабии Камоли Хуҷандӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Чанд сол пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд боғи зебои Камоли Хуҷандӣ, мақбара, пайкара ва хонаи ӯ бо дарназардошти фарҳанги меъморӣ ва боғдории замони зиндагии шоир бунёд гардид, ки имрӯз воқеан ба макони зиёрати ҳазорон нафар мухлисону муътақидони шоир табдил ёфтааст.

Илова ба тадбирҳои муҳимми зикршуда, Ҳукумати мамлакат ба таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли фаъолияти ин марказ беҳтарин нусхаҳои хаттии девони шоир ҷамъоварӣ гардида, бо иловаи ашъори то замони мо номаълуми ӯ аз рӯйи нусхаҳои хаттии муътабари девони шоир бо пешгуфтори мо аз нашр баромад ва фикр мекунам, ки он яке аз беҳтарин туҳфаҳои ҷашнӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳарчанд қисмати асосии мероси маънавии Камоли Хуҷандӣ гирдоварӣ шуда, то кунун ба хонандагон дастрас шудааст, аммо бо ҳамин ҷустуҷӯи осори бозмондаи ин шоири шаҳир ба поён намерасад.

Аз ин хотир, зарур аст, ки Академияи миллии илмҳо, «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар самти ҷаъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти чеҳраҳои маъруфи адабу фарҳанг ба зеҳни ҷомеа расонидани афкори созанда ва андешаҳои тарбиятгаронаи онҳо мебошад.

Хусусан, дар шароите, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли бархӯрдҳои шадиди мафкуравӣ қарор дорад ва таъсири номатлубу хатарноки ин муборизаву мухолифатҳо ба тафаккури наврасону ҷавонон торафт афзуда истодааст, омӯхтану таблиғ кардани мероси созандаи гузаштагон ва андешаҳои ватандӯстонаи онҳо аҳаммияти бештар касб мекунад.

Андешаҳои ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар фарзандони фарзонаи халқамон сарчашмаи муҳимми тарбияи ойини ватанпарварӣ барои насли имрӯз ба шумор мераванд, зеро ин суханвари мумтоз ҳарчанд ҳаёти худро дур аз зодгоҳ сипарӣ намуд, аммо ҳамеша ба ёди Ватан зист ва орзуманди дидор бо диёри хеш буд:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям.

Соли дуюм аст, ки дар мамлакат озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷараён дорад.

Нахустин натиҷаҳои озмуни мазкур нишон медиҳанд, ки он ба тафаккури маънавии ҳама қишрҳои ҷомеаи мо таъсири мусбат гузошта истодааст.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷараёни баргузории давраҳои мухталифи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷиҳати баргузор кардани маҳфилу озмунҳои «Мавлавихонӣ», «Камолхонӣ», «Саъдихонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва «Бедилхонӣ» бо мақсади тарғиби афкори созандаи ин бузургон чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, яъне дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамоишу озмунҳо, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бояд ба роҳ монда шавад.

Бовар дорам, ки андешаҳои инсонсозу ватандӯстонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар суханварони адабиёти оламшумули тоҷик дар роҳи эҷоди монеаҳои устувор барои муқовимат бо мафкураи бегонаву харобиовар нақши муассир мегузоранд.

Дар марҳалаи нави таърихие, ки ҳоло кишвари мо дар он қарор дорад, рисолати шумо — донишмандону олимон, аҳли зиё, аз ҷумла шоирону нависандагон ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани корҳои илмӣ, ба василаи забонҳои мухталифи дунё тарғибу ташвиқ намудани мероси пурғановати адабиёти миллиамон дар арсаи олам ва тарҷумаву нашри таҳқиқоти донишмандони ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафи наҷиб ба ҳамаи шумо — олимону донишмандон ва адибону суханварон барори кор орзу намуда, бори дигар ин рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ, яъне 700-солагии фарзанди арҷманди миллати тоҷик Хоҷа Камолиддини Хуҷандиро ба тамоми ҳамватанон ва мухлисону иродатмандони ин шахсияти барҷаста самимона табрик мегӯям.

Ба кори симпозиуми илмии имрӯза барору муваффақият мехоҳам.

Доим саломату сарбаланд бошед, дӯстони азиз!

Tags: