Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт то имрӯз тамоми иншооти барқиро дар ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти зарурӣ захира карда, инчунин дар панҷ ноҳия 6 адад трансформатори пурборро ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз намуданд. Инчунин 45 адад симчӯбҳои корношоям, 25 адад пояҳои симчӯбҳо ва 4 тонна ноқилҳои ҲИБ 10-0,4 кВ-ро ивазу таъмир намуда, зеристгоҳ ва иншооти барқии дар тавозунашон бударо таъмир намудаанд. Барои талаф нагардидани неруи барқ ва таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ соли 2020 дар панҷ ноҳияи минтақа 10 адад трансформатор бо тавоноии 2,9 МВА насб гардид, ки 5 адади он аз ҳисоби аҳолӣ мебошад.
Ба хотири бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 мутахассисони шабакаҳои барқи минтақа дар 6 адад неругоҳҳои барқи обии хурди минтақа, ки иқтидорашон 3,626 МВА мебошад, корҳои таъмирии эҳтиётӣ гузарониданд.
Ба гуфти сармуҳандиси Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт Сайёд Гулов, онҳо имсол корҳои таъмириро нисбат ба солҳои пешин барвақттар оғоз намуда, бо дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ тавонистанд зеристгоҳҳоро барои фаъолияти мунтазам омода созанд. Ҳамзамон барои ба садама дучор нагардидани хатҳои барқ кормандони шабакаҳои барқи панҷ ноҳияи минтақа шохаҳои дарахтони дар самти хатҳои ҳавоии интиқоли барқ бударо дар масофаи байни зиёда аз 8763 адад симчӯб бурида, тоза намуданд.
Бино ба иттилои кормандони шабакаҳои барқи минтақа, ҳоло корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон идома доранд. Дар робита ба ин навбатдории шабонарӯзӣ ва гурӯҳҳои иловагӣ ташкил карда шуда, сокинони ноҳияҳо пурра бо барқи доимӣ таъмин мебошанд.
АМИТ «Ховар»