Дар китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд

Дар китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон муаррифии китоби тозанашри Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» баргузор гардид. 
«Иштирокдорон пеш аз оғози маҳфил аз намоиши китоб дар мавзӯъҳои «Пешвои мо- ифтихори мо» ва «Чеҳраҳои мондагори таърих» дидан намуданд»,-хабар дод манбаъ.
Роҳбари китобхонаи мазкур Тутиниссо Юсупова китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар маҳфил устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва шунавандагони курси бозомӯзии кормандони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: