Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар минтақаи кӯҳии Куйбишеви ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, 200 килограмм хӯроки дурушти чорво ва 150 кг гандум дар кӯҳу пуштаҳо пошида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доанд.
Дар ин мавзеъ асосан парандагони нодир, ба монанди кабк, мурғи ҳилол ва дигар парандагони ваҳшӣ сукунат менамоянд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ барои аз сардии фасли сармо эмин нигоҳ доштани олами ҳайвонот ва парандагон мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар»