Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ

Дирӯз масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар байни ҷавонони ноҳияи Ишкошим дар мавзӯи «Омӯзиши паҳлӯҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ» машварати омӯзишӣ баргузор намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он 53 нафар соҳибкорони ҷавон- гирандагони Стипендияи президентӣ ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуда, самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратиро аз худ намуданд.
«Мақсади чунин машваратҳо ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ буда, дар оянда ташкил намудани он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон дар назар дошта шудааст»,-иттилоъ доданд аз Кумита.

АМИТ «Ховар»

Tags: