Пагоҳ дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ баргузор мегардад

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе тайи ду рӯз макони баргузории конфронси байналмилалии илмию амалӣ мегардад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов иттилоъ дод, созмондиҳандаи конфронси байналмилалӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад. Мавзӯи конфронс «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» буда, он 14-15 апрели соли 2017 доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс дар радифи кормандони вазорату идораҳои кишвар ва донишмандону коршиносони бахши иқтисодии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносони соҳа аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо ва ҳамоишҳо гузаронида шаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: