Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» иштирок мекунанд

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки 8-9  феврали соли равон дар шаҳри Парижи Франсия доир мегардад, ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд. Инҳо  Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков- ҳарду дар вазни то 73 кг, Акмал Муродов дар вазни то  81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то  90 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кг мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи  «Paris Grand Slam 2020» иштироки 740 нафар варзишгар (446 мард ва 294 зан) аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст. Ширкаткунандагони мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, ки  паҳлавонони  тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: