Парлумони Тоҷикистон санади байни Тоҷикистону Ҳиндустонро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад тасдиқ намуд

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро вакилони Маҷлиси намояндагон дирӯз тасдиқ  намуданд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи масъала гуфт, ки ин санад моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст.

Бояд зикр намуд, ки ба тасвиб расонидани  Протоколи мазкур аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон ба мукаммалгардонӣ ва рушди табодули иттилоъ байни мақомоти андози ҳар ду давлат барои аз байн бурдани саркашӣ аз супоридани андозҳо шароит фароҳам меорад.

АМИТ "Ховар"