«Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳои ҷавон»- ҳамоиш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамоиш таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳои ҷавон» доир гардид.
Дар ҳамоиш кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, ходимони дин иштирок карда, фикру андешаҳои худро оид ба кам кардани зӯроварӣ дар оила иброз доштанд.
Нафиса Юнусова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДМТ таъкид кард, ки масъалаи зӯроварӣ масъалаи муҳими ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, мебояд ба зарардидагони хушунати оилавӣ бештар кумаки равоншиносон расонида шавад. Аҳли ҷомеа ва рӯҳониён низ бояд дар ҳалли ин масъала дар канор наистанд.
Файзалӣ Назаров, ёрдамчии сардори ШВКД № 1 — и ноҳияи Рӯдакӣ оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иброз дошт, ки сабабҳои асосии хушунат дар оила- ин надоштани ҷойи кор ва барвақт оиладор кардани ҷавонон аст.
«Дар соли 2016 213 ариза оид ба хушунати оилавӣ ворид шуда, нисбат ба аксари онҳо чораҳои дахлдор қабул гардид»,- гуфт Файзалӣ Назаров ва илова намуд, ки оилаҳое, ки ду- се маротиба ба ШВКД № 1 — и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчун оилаҳои ноустувор ба қайд гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳо миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Манбаъ: khovar.tj

Tags: