Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, дар масоҳати 2 ҳазору 850 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Сохтмони он моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Агентии Тоҷикстандарт пурра ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави Маркази ташхисии минтақавӣ дар маҷмӯъ дорои 51 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бино, ҳамчунин, дорои толори барҳавои маҷлисӣ буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо 80 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иншоот бо техникаву технологияҳои муосир ва таҷҳизоти зарурии ташхисиву озмоишӣ таъмин гардида, дар он барои фаъолияти самараноки кормандон ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ хусусияти минтақавӣ дошта, хизматрасониҳои ташхисӣ, озмоишӣ ва метрологиро барои ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Норак анҷом медиҳад.

Фаъолияти марказ ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии молу маҳсулот равона гардидааст.

Дар бино як қатор озмоишгоҳҳои махсус фаъолият менамоянд, ки бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва озмоишӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки ташхису санҷиши молу маҳсулоти гуногун дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шуда, нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии онҳо муайян карда шаванд.

Дар марказ мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи касбӣ фаъолият намуда, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида ба субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ хизматҳои босифату саривақтӣ пешниҳод менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иншооти нав ба фаъолияти Марказ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир, такмили минбаъдаи хизматрасониҳои ташхисӣ, озмоишӣ ва метрологӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳои соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Tags: