ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд.
Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд. Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ муассир арзёбӣ намуданд. Чун ҳамарӯза ба иншоот садҳо тонна маводи сохтмонӣ, таҷҳизот ва техника интиқол меёбад, ки ин талабот танҳо дар сурати мавҷуд будани роҳҳои ҳамвору муосир иҷро мегардад.
Дар ин баробар роҳҳои нав барои таъмини ҳаракати озоди коргарон, муҳандисон ва мутахассисон шароит фароҳам меоранд, ки ин метавонад аз ҷумлаи омилҳои суръатбахш дар раванди кор бошад.