ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ХАЛҚИ МО ҲАМСОЯИ НЕКРО ЧУН АТОИ ХУДОВАНД ҚАБУЛ ДОРАД»

Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул дорад. Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо бояд нишони эҳтиром ба хотири аҷдодон ва замина барои ҳаёти осоишта ва хушбахтонаи насли ояндаи халқҳоямон гардад.

Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар «Шоми дӯстӣ», ки  дирӯз  дар Кохи Борбад ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, баён доштанд.

Сарвари давлат   зимни ин суханронӣ,  аз ҷумла,  иброз доштанд, ки  «шоири дӯстдоштаи мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт».

Пешвои миллат бо изҳори боварӣ зикр карданд, ки аз ин сафари таърихии муҳтарам Шавкат Миромонович марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи ҳарду давлат оғоз ёфта, он барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор мегузорад. Ва аз ҳама муҳим, барои рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки пайванди робитаҳои ҳазорсолаи хешутаборӣ доранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.