Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт.

Tags: