ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Президенти кишвари мо, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки «муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд».
Дар идома ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус, ба вазъият дар Ховари Миёна зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин мавзуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори давлати моро дар ин масъала таъкид карда, изҳор доштанд: «Мо қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем».

