ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос намояндагони воломақоми Давлати Қатар самимона истиқбол гирифтанд.

