ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд.
Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

