Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар вохӯрии ниҳоӣ Франсия бо ҳисоби 4 бар 2 Хорватияро мағлуб карда, бори дуюм дар таърихи худ чемпиони ҷаҳон гардид.

Бори охир дастаи Франсия қариб 20 сол пеш — дар Ҷоми ҷаҳон-1998, ки аз 10 июн то 12 июл дар Франсия баргузор гардид, унвони чемпионӣ ба даст оварда буд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар 11 шаҳри Россия баргузор гардид,  дар сатҳи олӣ гузашта, аз ҷониби  аксар кишварҳои дунё ба он баҳои мусбат дода шуд.

АМИТ «Ховар»