Президенти Тоҷикистон: «Раванди Душанбе дар соҳаи об» дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибор пайдо кардааст

Боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Раванди Душанбе дар соҳаи об» эътибор пайдо кардаанд, — таъкид намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ.

Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар ин радиф, мо тасмим гирифтаем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти мамлакат Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор намоем.

Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳои мамлакат татбиқи амалии Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пайгирона идома дода, ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои матлуб тадбирҳои пайваста ва зарурӣ андешад.

Мо минбаъд низ бо мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: