Рақобати “Истиқлол” бо “Серес Негрос”- дар Ҷоми AFC

Бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад. 

Ёдовар мешавем, рақиби “Истиқлол” баъди пирӯзии «Серес Негрос» дар финали минтақаи АСЕАН аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар «Хоум Юнайтед»-и Сингапур (2:0 ва 1:2) рӯзи 9-уми август маълум шуда буд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.

Дар мавриди ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфтан, қаҳрамони Тоҷикистон дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ. Финал

Бозии аввал

2 август (чоршанбе)
«Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) - 2:1

Бозии ҷавобӣ
9 август (чоршанбе)
«Серес» (Филиппин) – «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – 2:0

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал
22 август (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин)

23 август (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ
12 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)​

13 сентябр (чоршанбе)
«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Даври ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал
22 август (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес» (Филиппин)

23 август (чоршанбе)
«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ
12 сентябр (сешанбе)
«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)
«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал
27 сентябр (чоршанбе)
Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин) – – Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ
18 октябр (чоршанбе)
Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал
12 сентябр (сешанбе)
«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ
26 сентябр (сешанбе)
«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

Финал

4 ноябр (шанбе)
Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

ТВ Варзиш