Роҳандозии дарсҳои омӯзишии тарбиявӣ барои афсарони масъул

Минбаъд роҳандозии дарсҳои омӯзишии тарбиявӣ барои афсарони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ҳатмӣ шуд.
Тавре ки аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар асоси нақшаи омодагӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ҷамъомади навбатии якрӯзаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.
Ҷонишини сардори Раёсати корҳои тарбиявии кумита, подполковник Зариф Забиров  зикр кард, ки афсаронро зарур аст на танҳо дониши назариявӣ, балки малакаи касбии худро бо ташкили корҳои тарбиявӣ ҷиҳати таҳкими фазои ахлоқиву равонӣ дар коллективҳои ҳарбӣ такмил диҳанд.
Дар ҷараёни ҷамъомади якрӯза дарсҳои мавзӯӣ гузаронида шуда, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбӣ бо корҳои тарбиявӣ ошно гардиданд.
Қарор аст чунин дарсҳо ҳар моҳ гузаронида шаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: