Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор мешаванд

Дирӯз, 28 ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни суҳбати корӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус, ҳамкорӣ дар соҳаи санъат, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо гуфтушунид намуданд. Мавзӯи асосии суҳбат баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 буд»,-хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин зимни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода расман номаи сипоси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светловро ба муносибати дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус супорид.

АМИТ «Ховар»

Tags: