Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро ба муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ супорид

Дар шаҳри Риёз маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 6 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Аззом ибни Абдулкарим Ал-Қайн супорид.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои густариши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: