САРМОЯИ ИНСОНӢ: моҳияти он дар рушди инноватсионии Тоҷикистон

Олимони тоҷик масъалаи нақш ва моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. Баррасии мавзӯи мазкур имрӯз зимни конфронси илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, оғоз гардид. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс олимону муҳаққиқони Академияи илмҳо, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон иштирок ва мавзӯъҳои афзалиятҳо дар рушд ва истифодаи сармояи инсонӣ, моҳияту фаҳмиши сармояи инсонӣ, омилҳои ба рушди сармояи инсонӣ таъсиррасонанда дар мамлакат, арзишмандии сармояи инсонӣ ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  Лутфулло Саидмуродов иброз дошт, ки конфронси мазкур бо мақсади таҳлили вазъ ва дурнамои рушди сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон доир шуд.

Зикр гардид, ки сармояи инсонӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳои зеҳнӣ, дониш, солимӣ, самаранокии меҳнат ва сифати зиндагӣ буда, омили муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар давлат ба ҳисоб меравад.

Ин сармоя, — мегӯянд олимон, омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб ёфта,  татбиқи он дар рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла саноатикунонӣ, ки ҳадафи чоруми стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти хосса дорад.

«Инчунин сармояи инсонӣ миёни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди масъалаи мазкур ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст», — гуфта шуд дар конфронс.

Муҳимияти масъалаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои рушди сармояи инсонӣ афзалиятҳои зиёде, ба монанди ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор, ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ ва коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ муайян гардидааст.

Яъне Ҳукумати мамлакат дар раванди фаъолияти худ ба баланд бардоштани сифати рушди сармояи инсонӣ дар масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл таваҷҷуҳи хосса дорад.

«Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои дигар тадбирҳои муассир андешида истодааст. Барои истифодаи пурраи ин неруи зеҳнӣ, захираҳои иқтисодӣ, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакати мо минбаъд низ ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам манфиатдор хоҳем буд», — зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе.

Масъалаи рушди инноватсионии мамлакат аз сатҳи мавҷудаи сармояи инсонӣ вобаста буда, дар мадди назари роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор қабул ва татбиқ гардидаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 аз ҷумлаи санадҳои зикргардида мебошад.

Ёдовар мешавем, ки конфронси илмиву амалии «Нақш ва моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон» пагоҳ, 6 декабр идома ёфта, дар назар аст коршиносони соҳа масъалаҳои баҳодиҳии таъсири иқтисодӣ ба рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани шуғли самаранокии сармояи инсонӣ, ташаккул ва нақши сармояи инсонӣ дар рушди минтақаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: