«ШАҲРИ АФСОНАҲО». Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши кӯдаконаи солинавӣ баргузор мегардад

Тавре қаблан хабар дода  будем,  тибқи нақшаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ   имрӯз, соати 13:00 дар Сирки давлатии Тоҷикистон  намоиши кӯдаконаи солинавии «Шаҳри афсонаҳо»  баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,  ин намоиши солинавии  кӯдакона барои хонандагони мактаб — интернатҳои  пойтахт  таҳия гардида,  ба иштирокдорони он  1840 адад  туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»   Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

АМИТ "Ховар"