Шаш паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Загреб иштирок мекунанд

Аз 26  то 28  июли соли равон  дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2019» баргузор мешавад.  Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 635 нафар варзишгар аз ҷумлаи 376 мард ва 258 зан аз 90 кишвари сайёра дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ 6 паҳлавони шинохта-  Хаёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Зимнан, мусобиқаи  «Zagreb Grand Prix 2019», ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад, то соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба  дзюдо дар «Zagreb Grand Prix 2019»:

  1. Ҷабборов Хаёмиддин- 66 кг
  2. Сомон Маҳмадбеков- 73 кг
  3. Беҳрӯзи Хоҷазода- 73 кг
  4. Акмал Муродов- 81кг
  5. Комроншоҳи Устопириён- 90 кг
  6. Темур Раҳимов +100кг

АМИТ «Ховар»

Tags: