Ширкати лижаронҳои тоҷик дар Бозиҳои XVIII зимистонаи осиёӣ

22 феврали соли 2017 мусобиқа аз намуди лижаронии кӯҳӣ оид ба Giant Slalom дар Бозиҳои XVIII зимистонаи осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа 44 нафар варзишгарони барҷастаи Осиё иштирок намуданд.
Муҳаммадшо Абдуллоев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки варзишгарони тоҷик баромад карда, мақоми 20, 21, 22 ва 23-юмро ишғол намуданд. Ёдовар мешавем, ки 11 нафар варзишгарон ба марра нарасиданд ва ду нафар варзишгар аз мусобиқот берун карда шуданд.
Мақоми аввалро варзишгари ҷопонӣ Кояма Юхей, мақоми дуюмро Ким Хён-Таэ аз Кореяи Ҷанубӣ ва мақоми сеюмро Нарита Хидейюки аз Ҷопон ишғол намуданд.
Мусобиқаи навбатии варзишгарони тоҷик 24 феврали соли 2017 аз намуди лижаронии кӯҳӣ оид ба Small Slalom баргузор хоҳад шуд.

Tags: