Ширкати С. Аслов дар мулоқоти кории вазирони кишварҳои узви СААД дар Ҳамбург

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар ҳошияи Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба бандҳои Рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи қарорҳои сарони давлатҳои узви СААД мубодилаи афкор намуданд»,-зикр кард манбаъ.
Дар мулоқот лоиҳаи Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД зери унвони «Роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ» мувофиқа ва қабул гардид. Ба санади мазкур бо пешниҳоди Тоҷикистон банди махсус роҷеъ ба маҳкум кардани иштироки ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА ворид карда шуд. Дар изҳороти муштарак инчунин зарурати банақшагирии фаъолияти дафтарҳои саҳроии САҲА танҳо бо назардошти талабот, дархост ва авлавиятҳои кишварҳои мизбон инъикос карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: