«Шомил нагардидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ»-таҳти ҳамин унвон дар ВМКБ конфронси вилоятӣ баргузор гардид

Дирӯз дар шаҳри Хоруғ  бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  таҳти унвони «Шомил нагардидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» конфронси вилоятӣ баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҳамоиш раиси ВМКБ  Ёдгор Файзов, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, раиси шаҳри Хоруғ Шамирӣ Кишвар, прокурори вилоят Дороб Асозода, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят Суҳроб Қодиров ва роҳбарони идораву муассисаҳо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, олимону коршиносон ва намояндагони гурӯҳи «Авангард»-и вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  иштирок намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, мавзӯи  меҳварии конфронси  мазкур ин баланд бардоштани  сатҳи  таълиму тарбияи насли наврас ва  шомил нагардидани  ҷавонон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ   гардид.

Дар ин робита, Ёдгор Файзов  доир ба ҷараёни сусти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  дар байни ҷавонону наврасон, нашри хабарҳои бардурӯғу иғвоангез  дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ва равандҳои асосии ҷалби ҷавонони фиребхӯрда ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ибрози андеша намуд.

Абдураҳмон Аламшозода  сабабҳои  шомилшавии ҷавонону наврасонро  ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ   шарҳ дода,  доир ба  роҳҳои пешгирии он  ибрози андеша намуд.  Номбурда, аз ҷумла,  аз дастовардҳои  ҷавонони ВМКБ  ёдовар шуда,  зикр кард, ки : «тӯли  чанд соли охир  15 ҳазор ҷавонони вилоят муссисаҳои олии  Тоҷикистон ва берун аз онро  бо сари баланд хатм намуда, алҳол  ба халқу Ватан хизмати содиқона  мекунанд».

Дар конфронс ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди вилоят 728 кг воситаи нашъадор мусодира гардидааст, ки  ин боиси нигаронист. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамагӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  дар давраи сипаришуда 1 тоннаву 128 кг воситаи нашъадор мусодира гардида, 2 ҳазору 475 нафар сокини вилоят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар   конфронс зикр гардид, ки имрӯз дар  баробари дастовардҳо дар ҳаёти наврасону ҷавонон баъзе   камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Бархе аз ҷавонон   бо амалҳои зишти худ тақдири ояндаи худро зери суол мегузоранд. Дар ин робита,  аз ҷониби иштирокдорони конфронс  таъкид  гардид, ки ҷавонони зодаи истиқлоли ҷумҳурӣ  бояд масъулияти баланди хештаншиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандустӣ дошта бошанд ва бар зидди ҳама  падидаҳои нангини ҷомеа дастаҷаъмона мубориза  баранд.