Сироҷидин Аслов ва Ян-Питер Олтерс дурнамои таҳкими муносибат ва ҳамкориро баррасӣ карданд

20 декабри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот оид ба самтҳои асосии Барномаи чорчӯбавии шарикии Бонки ҷаҳонӣ бо кишвар барои солҳои 2018-2023 табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои таҳкими муносибат ва ҳамкориро бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор дар кишвар  баррасӣ намуданд.

АМИТ "Ховар"