«Сомон Эйр»: хабаре, ки дар www.ittiloot.com нашр шудааст, асос надорад

Дар иртибот ба  иттилооте, ки имрӯз дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зимни парвоз аз самти Чин ба Тоҷикистон пайдо шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ изҳор менамояд, ки маълумоти мазкур асос надорад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд. 

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш намуданд, ки бо роҳбарияти нашрия ба алоқа бароянд, аммо дар сомона рақам ва суроғае, ки нашрия метавонад ҷойгир бошад, зикр нагардидааст. Тавассути почтаи электронӣ ба нашрия мактуб ирсол гардида, талаб карда шуд, ки иттилооти бардурӯғ фавран аз сомона гирифта шавад. Аммо кӯшишҳои мазкур низ бе натиҷа монданд. Бинобар ин ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст тавассути дигар воситаҳои ахбори омма раддия дода, ҳамзамон аз мусофирон хоҳиш мекунад ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳаноки дар хориҷа фаъолиятдошта, ки муассисонаш маълум нестанд, нашр мешаванд, бовар накунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: