Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо соҳиби медали тилло гардид

Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Аради Руминия баргузор шуд, дар вазни 66 кило сазовори медали тилло гардид. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сомон дар рақобатҳо дар вазни -66 кило дар даври аввал озод буд. Пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Украина ва Германия Константин Ноткин ва Александр Габлер дар даври нимфиналӣ Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Сомон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари дигари Украина Олег Овчаренко пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин мусобиқа 248 варзишгар (156 ҷавон ва 92 духтар) аз 33 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро танҳо як нафар – Сомон Маҳмадбеков – намояндагӣ кард. Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи дигари байналмилалӣ барои Ҷоми Африқо миёни наврасон, ки 22-23 апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, низ медали тилло ба даст оварда буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни -66 кило бар рақибонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард. Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Россия феълан дар шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ба шарофати пирӯзии Сомон дар Ҷоми Аврупо дар Руминия парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, суруди миллии кишвар танинандоз гардид.

Tags: