Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Имрӯз ҳамчунин суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба унвони мардумони ҳарду давлат табодули таманниёти нек намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи қобили мулоҳизаи муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо ибрози назар карда, гомҳои муайяни мусбати ҷонибҳоро дар ин самт таъкид  сохтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсадҳои ҷониби Тоҷикистонро барои минбаъд низ равона намудани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои неки  ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар зикр намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»