«Табобат» бо тилловорӣ. Дар Душанбе «табиби халқӣ»-и мардумфиреб дастгир шуд

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро бо ҷурми мардумфиребӣ  дастгир намуданд. Дастгиршуда Ҷураева Наҷмия Додарбековнаи 37-сола, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон буда, айни ҳол  истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошад. Номбурда ба пойтахт омада,  худро  табиби халқӣ эълон карда, бо усули нав, яъне бо тилло гӯё ба дарди шаҳрвандон дармон мебахшидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни омӯзишу мавриди санҷиш қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян  шуд, ки номбурда худро ба шаҳрвандон табиби халқӣ муаррифӣ намуда, гӯё  ба воситаи тилло бахткушо, сеҳру ҷоду, инчунин як қатор бемориҳои дигарро «табобат» мекардааст.

Масалан, ин «табиби халқӣ»  бо мақсади он ки гӯё муносибатҳои як нафар зани 31-солаи сокини пойтахтро бо шавҳараш хуб мекунад, ба боварии ӯ даромада, як миқдор ҷавоҳироти арзишманди тиллоии ӯро  дуохонӣ намуда, бо рӯймол дар миёнаш бастааст. Пас аз чанд лаҳза, гӯё  бо мақсади маротибаи дуюм дуохонӣ намудан миёнбандашро  кушода, ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, дар ҷайбаш пинҳон кардааст. Бо ин роҳ ба ҷабрдида зиёда аз 105 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳамин тариқ, номбурда дар айни замон барои содир намудани 9 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, бо ин роҳ ба шаҳрвандон 66 ҳазор доллари амрикоӣ ва 215 ҳазору 550 сомонӣ зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст.

Айни замон нисбат ба гумонбаршаванда Ҷураева Наҷмия Додарбековна тибқи талаботи моддаи 247-и (Қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Кормандони милисаи пойтахт аз он  изҳори нигаронӣ намуданд, ки пайваста аз фиребу макр ва амалҳои мардумфиребонаи нафарони сеҳргару ҷодугар ва ба ном «табибони халқӣ»  гузоришҳо нашр мегарданду баъзе   сокинон аз он сабақи зарурӣ намегиранд. Мутаассифона, боз ҳам дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки роҳҳои «нав» кашф намуда,  ба чунин амалҳои номатлуб  даст мезананд ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт  шаҳрвандони зудбоварро ба доми худ меафтонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: